ВАСЛИ ДАСТГОҲИ ДУЮМИ НБО-И «ПОМИР – 1»
Хоруғ, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар НБО-и «Помир – 1»-и ВМКБ васли дастгоҳи дуюми он шурӯъ гардид. Бо васли агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Помир – 1» таъминоти аҳолӣ бо барқ боз ҳам беҳтар мегардад. Хотиррасон менамоем, ки бар асари садамаи моҳи феврали соли 2007 – ум дар Нерӯгоҳи барқи обии «Помир – 1» рухдода ҳамаи чаҳор дастгоҳ зери об монда, нерӯгоҳ пурра аз кор монд. Бар асари садама дастгоҳи дуюм тамоман корношоям гардид. Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати мамлакат ва мадади Бунёди Оғохон бо калонтарин корхонаи истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои барқии Ҳиндустон- БЧЕЛ шартномаи ҳамкорӣ баста шуд. Таҷҳизоти лозимӣ ҳанӯз моҳи майи соли 2010 – ум ба Бандари Аббоси Ҷумҳурии исломии Эрон интиқол ва аз тариқи ҳудуди Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Рӯзҳои наздик мутахассисони ширкати БЧЕЛ — и Ҳиндустон вориди Бадахшон мешаванд ва васли дастгоҳи дуюм сурат мегирад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






