ВАСЛИ ДАСТГОҲИ ДУЮМИ НБО-И «ПОМИР – 1»

Ноябрь 30, 2010 11:56

Хоруғ, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Дар НБО-и  «Помир – 1»-и ВМКБ васли дастгоҳи дуюми он шурӯъ гардид.  Бо  васли  агрегати дуюми  нерӯгоҳи  барқи  обии «Помир – 1» таъминоти  аҳолӣ бо  барқ боз  ҳам  беҳтар  мегардад.        Хотиррасон  менамоем, ки  бар  асари  садамаи  моҳи  феврали  соли  2007 – ум дар  Нерӯгоҳи  барқи  обии «Помир – 1» рухдода ҳамаи  чаҳор  дастгоҳ  зери об  монда,  нерӯгоҳ  пурра  аз  кор   монд.          Бар  асари  садама   дастгоҳи  дуюм  тамоман  корношоям  гардид. Бо ташаббуси  Вазорати  энергетика  ва  саноати  мамлакат ва  мадади Бунёди  Оғохон бо  калонтарин  корхонаи  истеҳсолкунандаи   дастгоҳҳои барқии  Ҳиндустон- БЧЕЛ  шартномаи ҳамкорӣ   баста  шуд.         Таҷҳизоти  лозимӣ ҳанӯз  моҳи  майи  соли 2010 – ум  ба  Бандари  Аббоси  Ҷумҳурии  исломии Эрон интиқол   ва аз тариқи  ҳудуди  Туркманистон, Ӯзбекистон ва  Қирғизистон вориди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  шуд.           Рӯзҳои   наздик  мутахассисони  ширкати  БЧЕЛ  — и  Ҳиндустон вориди Бадахшон мешаванд ва  васли   дастгоҳи  дуюм  сурат мегирад.      

Ноябрь 30, 2010 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд