ВЕЛОМАРАФОН ДАР РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ноябрь 23, 2010 11:46

       Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 24 ноябр таҷлил мегардад, дар пойтахт чорабинии варзишии оммавии  дучархасаворӣ (веломарафон) гузаронида мешавад.       «Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, истифодаи воситаҳои техникии аз лиҳози экологӣ муфид ва солимгардонии ҷомеа гузаронида мешавад», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов.      Мавсуф афзуд, ки веломарафон 24 ноябр соати 10. 00 оғоз гардида, дар он варзишгарони ин намуди варзиш ва  алоқамандону дӯстдорон, ки синнашон аз 16 сола боло аст,  иштирок менамоянд. Иштирокдорони веломарафон бо либосҳои варзишӣ, ки нишонаҳои рамзи Парчами давлатиро таҷассум менамоянд, таъмин мешаванд.       Хатсайри ҳаракати веломарафон аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ наздикии  КВД "Ипподром"  оғоз гардида, то ба самти постгоҳи дар «Чорбоғ» будаи БДА сурат мегирад. Самти бозгашт аз  хиёбони Рӯдакӣ ба самти хиёбони Исмоили Сомониро дар бар гирифта, нуқтаи анҷомаш варзишгоҳи марказӣ мебошад. Аз ҷониби кумитаи тадорукот ва сарпарастони чорабинӣ ба ғолибони веломарафон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва молӣ тақдим мешавад.      Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Сарпарастони веломарафон ширкати алоқаи мобилии «МЛТ» ва Барномаи рушди СММ мебошанд.

Ноябрь 23, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад