ЯК ФОИЗИ ҲАҚҚИ ҲАЛОЛ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори Ҳукумати ҶТ ҳаққи хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» барои нафақахӯрон ба андозаи 1 фоиз муқаррар шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои воқеан пардохтгардидаи нафақа ба истиснои маблағҳои хароҷоти кӯмакпулиҳо барои дафн то 1 – уми октябри соли ҷорӣ дар асоси санадҳои муқоисавии воқеан пардохтшудаи нафақа бо назардошти моҳи декабри соли 2009 ба «Амонатбонк» дар ҳаҷми 4 млн. 217 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст. Дар мавриди худ, хизмати муассисаҳои «Амонатбонк» низ кам нест. Бояд ёдовар шуд, ки танҳо дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби муассисаҳои «Амонатбонк» ба маблағи 2 млн. 860 ҳазор сомонӣ маблағҳо бинобар сабаби дубора номнавис шудан, қатъ гардидани мӯҳлати пардохти нафақа дар ҳолати фавти нафақахӯр, ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баргардонида шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






