ЁДЕ АЗ МУҲАММАД ОСИМӢ
Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Академик Муҳаммад Осимӣ ва рушди фарҳанг», таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки номи олими бузургро дорад, конфронси ҷумҳуриявии илмӣ -амалӣ доир гардид. Конфронс бо ибтикори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон созмон дода шуда, ба 90-солагии донишманди маъруфи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ бахшида шуд. Дар конфронс, ки олимону донишмандони шинохтаи тоҷик, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо иштирок доштанд, дар мавзӯҳои «Саҳми Муҳаммад Осимӣ дар рушди фарҳанги техникии Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва илми шарқшиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ ва рушди илми фалсафа дар Тоҷикистон», «Саҳми Осимӣ дар ташаккули қомуснигории тоҷик» маърӯза карданд. Зикр шуд, ки академик ва олими шинохтаи тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар тӯли умри пурбаракати худ дар ташаккули илму фарҳанги миллати тоҷик нақши муассир гузошта, садҳо нафар шогирдонро ба камол расондаааст, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни мамлакат кору фаъолият менамоянд. Дар конфронс дӯстону ҳамкасбон ва шогирдони академик Муҳаммад Осимӣ доир ба ҳаёту фаъолият ва роҳи наҷиби тайнамудаи олимии маъруфи тоҷик аз хотираҳои худ ёдовар шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






