ЗИМИСТОН ФАРО МЕРАСАД

Ноябрь 30, 2010 11:40

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) – Зимистони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали моҳи декабр фаро мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии ҳавосанҷии ҶТ хабар доданд. Мувофиқи иттилои ҳавосанҷон аз 3 то 4 декабри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, борон меборад ва сипас он  ба барф табдил меёбад. Дар рӯзҳои барфу боронӣ ҳарорати ҳаво ҳамагӣ  3-4 дараҷа гармиро  нишон медиҳад.  Шурӯъ аз 5-уми декабр ҳавосанҷон қатъ гардидани барфу борон ва софу беғубор шудани вазъи ҳаворо хабар медиҳанд.  

Ноябрь 30, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш