ҒАМХОРӢ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ
Тоҷикобод, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов). – Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳаққи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шумораашон торафт кам мешавад, ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар арафаи зимистони имсола ба 16 нафар собиқадори ҷанг ба миқдори 500 кг ангишт ва 0,5 куб ҳезум ройгон дода шуд. Инчунин ба иштирокчиёни ҶБВ, ки дар ҷамоатҳои деҳот зиндагӣ менамоянд, аз тарафи сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон ба миқдори муайян ғаллаю картошка дода шуд, – иброз намуд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






