ҒОЛИБОНИ ОЗМУН- ДОНИШҶӮЁНИ ДДК

Декабрь 27, 2010 16:01

Душанбе, 27 декабр.(АМИТ«Ховар», Сулаймон Холов).-24- уми декабри соли 2010 бо ташаббуси раёсати маориф ва раёсати андози вилояти Хатлон озмуни «Маърифати андозсупоранда» миёни донишгоҳҳои олӣ, филиалҳо, коллеҷҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят баргузор гардид, ки 3 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмун иштирок намуда, сазовори ҷои якум ва дуюм гардиданд. Бояд зикр намуд, ки озмун аз се бахш иборат буда, бахши аввали он бо номи «Шеъру шоир» миёни донишҷӯёни донишгоҳҳо, филиалҳо ва коллеҷҳои вилоят гузаронида шуд. Ҷои якум насиби Саодати Раҳмоналӣ, ҷои дуюм насиби Ганҷинаи Эмомалӣ- донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Ҳамчунин, Сафаралӣ Наимов донишҷӯи курси 4-уми ҳамин факултет барои пешниҳоди шеърҳо дар мавзӯи иҷтимоӣ — иқтисодӣ сазовори ифтихорномаи озмун гардид. Саодати  Рањмоналї ва Ганљинаи Эмомалї барои иштирок дар даври љумњуриявии озмун, ки то љашни  Наврўзи оянда дар шањри Душанбе баргузор мегардад, роњхат  гирифтанд.   

Декабрь 27, 2010 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад