ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМИ САФИРИ НАВИ ТУРКИЯ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирик эътимоднома қабул намуд. Дар сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нави Туркия, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Аз сатҳи муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки «ду сол боз ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар аз ним миллиард доллари амрикоӣ боло меравад». Аз самараи кори комиссияи муштараки ҳамкории дуҷониба ва таъсис ёфтани гурўҳи кории энергетикӣ низ қаноатмандӣ зоҳир гардид. Изҳори умед карда шуд, ки мулоқоти навбатии сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ва форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия, ки ба наздикӣ бо иштироки роҳбарони ҳарду давлат дар шаҳри Истамбул баргузор мегардад, натиҷаҳои нав ба бор меорад ва шумораи ширкатҳо ва корхонаҳои муштарак аз имрўза бештар мегардад. Меҳмет Мунис Дирик изҳор дошт, ки ба ҳайси Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон баҳри татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории ду кишвар ва таъмини густариши бештари муносибатҳои мутақобила ҷаҳду талош мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






