ҚАЛАНДАРОВ АЗ МАНСАБ СӮЙИСТИФОДА КАРД
Кӯлоб, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Қаландаров Хайрулло Абдуллоевич, ки ба сифати роҳбари раёсати истифодабарии оби нӯшокии минтақаи Кӯлоб фаъолият менамуд, аз вазифаи хидматиаш ба манфиати шахсӣ истифода кардааст. Ӯ ҳамчун шахси мансабдор аз доираи ваколатҳои қонун муқаррар намуда берун баромада аз 5 гектар замини назди корхона 2,31 гектари онро ба 20 нафар шаҳрванд бе ягон асоси қонунӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим намудааст. То замони санҷиш дар ин қитъаҳо 7 нафар хонаи истиқоматӣ сохта, нафарони боқимонда барои хонаҳояшон таҳкурсӣ сохтаанд. Хайрулло Қаландаров манфиатҳои бо қонун ҳифзшудаи давлатро ба таври ҷиддӣ поймол намуда, барои ин рафтори ношоистааш акнун дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






