ҚОНУНИ НАВ ГАРАВИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА

Декабрь 16, 2010 15:20

       Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи  маҳсулоти тамоку»-ро 16 декабр дар иҷлосияи сеюми  Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд.     Убайдулло Қурбонов раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ  зимни тавзеҳи  масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи талаботи меъёрҳои қонуни мазкур минбаъд кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, динӣ, истироҳатгоҳҳо, фурудгоҳҳо, саристгоҳҳои роҳи оҳан манъ  аст.      Ҳамзамон, Убайдулло Қурбонов афзуд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи бемориҳои гуногун, ки аҳолӣ бо истифода аз тамоку мубтало мегардад, муайян менамояд. Инчунин, қонун фурӯши сигарета, сигор, папирос ва дигар маҳсулоти тамокуро  дар ҳудуд ва назди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ манъ мекунад. Мавсуф афзуд, ки қонуни нав гарави саломатӣ дар ҷомеа аст. Барои истифодаи маҳсулоти тамоку ҷойҳои махсус ташкил мешавад.

Декабрь 16, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид