ҚОТИЛИ КӮДАКОН МАЪЛУМ ГАРДИД
Қурғонтеппа, 20 декабр. (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев) — Тафтиши ҳодисаи куштори се нафар ноболиғ дар Қурғонтеппа идома дорад. Тавре ба АМИТ «Ховар» ҷонишини прокурори шаҳри Қурғонтеппа Маҳмадсаид Насимов хабар дод, зимни тафтиши парванда Фирдавс Саидови гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор гардид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас далелҳои шайъии ҷиноят ошкор гардид. Ёдовар мешавем, ки 16 декабри соли ҷорӣ дар яке аз хонаҳои кӯчаи Дзержинскии шаҳри Қурғонтеппа ҷасадҳои ноболиғон Шоҳҷаҳони 9 сола, Лобари 13 сола ва Наргиз Бегназаровҳои 15 сола бо ҷароҳатҳои зиёд ёфт шуданд. Тибқи маълумоти Прокуратураи шаҳр куштори кӯдакон бо мақсади дуздӣ ба амал омадааст. Тафтиш нишон дод, ки шахси гумонбар дар куштор Ф. Саидов, ҳамчунин аз хона 2 ҳазор доллари ИМА ва 8 ҳазор сомонӣ маблағро дуздидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






