ҲАМДИГАРФАҲМӢ — АМАЛИ НЕК
Кӯлоб, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Дар маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи СПИД, ки ҳамасола аввали моҳи декабр қайд мешавад, маҳфили зарифон таҳти шиори «Ҳамдигарфаҳмӣ — амали нек аст» доир гардид. Чорабинӣ бо ибтикори шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ДДК), ташкилоти ҷамъиятии «Судманд» ва дастгирии молиявии Маркази танзими оилаи Тоҷикистон гузашт. Дар чорабинӣ устодони ДДК роҷеъ ба аҳамияти чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нисбат ба бемории СПИД сухан гуфтанд. Дар маҳфил донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷик, филологияи рус, журналистика ва забонҳои хориҷии ДДК ширкат варзида ба тамошобинон оид ба бемории СПИД ва роҳҳои пешгирии он маълумот доданд. Баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳо барои пешгирии ин ва дигар бемориҳо мусоидат менамояд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






