ҲАМДИГАРФАҲМӢ — АМАЛИ НЕК

Декабрь 3, 2010 11:17

        Кӯлоб,  3 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон Холов). – Дар  маркази  фарҳангии ҷавонони  шаҳри  Кӯлоб бахшида ба  Рӯзи байналмилалии мубориза  алайҳи СПИД,  ки  ҳамасола   аввали моҳи  декабр қайд    мешавад, маҳфили  зарифон  таҳти  шиори «Ҳамдигарфаҳмӣ — амали  нек  аст»  доир гардид. Чорабинӣ  бо  ибтикори  шӯъбаи  кор  бо ҷавонони  Донишкадаи  давлатии Кӯлоб  ба  номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ (ДДК), ташкилоти ҷамъиятии «Судманд» ва  дастгирии молиявии  Маркази  танзими  оилаи Тоҷикистон  гузашт. Дар чорабинӣ устодони ДДК  роҷеъ ба  аҳамияти чунин  вохӯриҳо барои  баланд бардоштани  сатҳи  огоҳии  мардум    нисбат ба  бемории СПИД  сухан   гуфтанд.   Дар   маҳфил донишҷӯёни  факултаҳои  филологияи тоҷик, филологияи рус,   журналистика  ва  забонҳои  хориҷии ДДК ширкат  варзида ба тамошобинон оид ба  бемории СПИД ва  роҳҳои пешгирии  он  маълумот доданд.          Баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳо барои пешгирии ин ва дигар бемориҳо мусоидат менамояд. 

Декабрь 3, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд