ҶАЛАСАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА ТОҶИКИСТОН

Декабрь 13, 2010 14:31

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷабҳаҳои калидии татбиқи амалии стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ ва масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, обу энергетика ва муҳити зист мавзӯъи асосии аввалин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  имрӯз 13 декабр дар шаҳри Брюссел баргузор гардид,   қарор гирифт .             Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машварати мазкур Ҳамрохон Зарифӣ-Вазири корҳои хориҷии кишвар роҳбарӣ менамояд. Ҳамзамон, ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон П. Муҳиддинов — муовини аввали вазири энергетика ва саноат, С.Раҳимов – муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои обӣ ва Ш. Нодирова – муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаласаи мазкур ҷаноби Янош Мартони, Вазири корҳои хориҷии Маҷористон, раиси Шӯрои ҳамкорӣ ва роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ менамояд.      

Декабрь 13, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад