ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Декабрь 7, 2010 14:32

Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ,  ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҷумҳуриявӣ, масъулини шаҳрдорӣ ва соҳибмулкони беш аз 100 иншооти дахлдор ширкат варзиданд.           Хусусан, рафти корҳои сохтмонӣ дар  бинои бистошёнаи «Душанбе-плаза» ва Боғи умумишаҳрии фарҳангию фароғатӣ дар маҳаллаи Буни ҳисорак, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта мешавад, муҳокима гардида, тадбирҳои шаҳрдорӣ  ҷиҳати дастгирию ҳавасмандсозии субъектҳои сохтмонии дар маъракаҳои ободонӣ ширкаткунанда матраҳ гардиданд.            Мавриди зикр аст, ки  бинои 20 ошёнаи «Душанбе плаза» , ки дар маркази шаҳр сохта мешавад, баландтарин бино дар пойтахт маҳсуб гардида,  дар остонаи 20 –умин солгарди ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.         Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои дигари марбут ба хоҷагидории пойтахт, аз қабили вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмиру ободонии роҳҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистон баррасӣ гардиданд.

Декабрь 7, 2010 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад