ҶАРИМА БАРОИ ҲИФЗ НАКАРДАНИ МУҲИТИ ЗИСТ

Декабрь 6, 2010 11:44

Бадахшон, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Ба  хотири  дар  ҳолати  хуби экологӣ  нигоҳ  доштани  обанборҳо,  дарёҳои  кӯҳӣ, чӯйбору  чашмаҳо ва ҳифзи муҳити атроф мутахассисони  Раёсати  ҳифзи  муҳити  зисти  ВМКБ  дар  якҷоягӣ  бо  кормандони Маркази  ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим пайваста санҷиш  мегузаронанд. Тавре  муовини  сардори  Раёсати  ҳифзи  муҳити  зисти  вилоят  Фарҳод  Маҳмадназарбеков  иттилоъ  дод,   пас аз гузаронидани   санҷиш  18  идораю  муассиса ва  корхона  мавриди  тафтиш қарор   гирифта,  ба  20  нафар  роҳбарон   барои   ҳифз накардани муҳити зист ва    об амрномаю  супориш дода шуд.  Ба  идораи хоҷагии  об  ва  ташноби  шаҳри  Хоруғ  низ барои  иҷро  накардани  талаботи  Қонуни  ҳифзи  табиати Ҷумҳурии  Тоҷикистон     амрнома  ва  супориши  қатъй  дода шуда,    аз  хоҷагии  номбурда  ба  маблағи 525  сомонӣ  ҷарима  ситонида  шуд.

Декабрь 6, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст