ҶАВОНОН-СОЗАНДАИ ФАРДОИ ҶОМЕА

Декабрь 1, 2010 15:43

          Мӯъминобод, 1 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон Холов). – Бахши ҷавонон, варзиш  ва  сайёҳии  ҳукумати ноҳияи  Мӯъминобод баҳри  иҷрои  қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  рушди  тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш  барои солҳои 2006 – 2010» миёни  ҷавонон чорабиниҳои  варзишӣ  доир намуд. Абдулло Раҷабов-  мудири  бахши  ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии ҳукумати ноҳия  дар   робита ба ин  мавзӯъ  гуфт, ки  ҷавонони  ноҳия  дар  23  мусобиқаи  варзишии бахшида ба  санаҳои  таърихӣ, 7  мусобиқаи  вилоятӣ  ва  11  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  ширкат  варзида,  сазовори 4  медали  тилло,  16  медали  нуқра ва 7  медали  биринҷӣ гардиданд. Ба   иттилои   манбаъ,   соли  ҷорӣ  дар  арафаи    рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон  бо  дастгирии  раиси  ноҳия  Сафаралӣ  Зокиров  дар  4  ҷамоати  шаҳраку  деҳоти  ноҳия  5  майдончаи  варзишӣ  якҷо бо  лавозимоти  варзишӣ  бунёд  гардида, ҳамчун  тӯҳфаи  раиси  ноҳия  ба  ҷавонон  супорида шуд, ки  маблағи  он 11000 сомониро   ташкил дод.  Ин дастгирӣ ҷавонони ноҳияро рӯҳбаланд намуда баҳри фатҳи қуллаҳои баланд равона месозад.

Декабрь 1, 2010 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад