ҶАВОНОН ЗИДДИ ФАСОД

Декабрь 8, 2010 15:02

Душанбе,  8 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Дилшодаи Ҷонмард). –  Бо мақсади густариши ҷаҳонбинӣ ва  бад-ин васила мусоидат намудан  дар ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ миёни ҷавонон, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия, санаи 8 декабр   вохӯрии  Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи «Зуҳуроти коррупсионӣ ва оқибатҳои ногувори он» ҷараён гирифт. Раиси  Кумита  зимни суханронии худ оид ба  дасттовардҳои тӯли 20 соли Истиқлолият соҳиб гаштаи Ҷумхурии Тоҷикистон муфассал  маълумот  дода, ҷавононро  барои  созандагӣ,   ободкорӣ, мубориза зидди фасод ва бо дасту  дили пок хизмат намудан ба халқу ватан даъват намуд.           Ректори  Донишгоҳ Нуралӣ  Шоев  мулоқоти  раиси  Кумитаро  саривақтӣ  арзёбӣ  намуда,  аз  номи  ҷавонон раиси  Кумитаро  бовар  кунонид,  ки  донишҷӯёни  ин  муассисаи  таълимӣ бо  ихтирооти  нав  дар  таҳкими сулҳу  шукуфоии кишвар  ҳиссаи  арзанда  мегузоранд.            Дар  поёни  мулоқот  донишҷӯён  ба ташаббускорони  мулоқот изҳори миннатдорӣ намуда, бо  саволҳои  худ аз раиси  Кумита Маликшо  Неъматов  посух  гирифтанд.

Декабрь 8, 2010 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад