ҶИНОЯТКОРОН ДАСТГИР ШУДАНД

Декабрь 20, 2010 11:54

           Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова).- Номҳои  ду  нафар  ҷинояткори  гуреза, ки  шаби 23  августи  соли  равон  аз Маҳбаси  муваққатии  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии ҷумҳурӣ  фирор  карда буданд,  муқаррар  карда  шуд.           Аз рӯи  маълумоти расмӣ,  дар  байни  дастгиршудагон  шаҳрвандони  Тоҷикистон Ҳикматулло  Азизов (бо лақаби Кӯри  Малиш машҳур аст) ва  сокини  29 – солаи  шаҳри  Исфара  Баҳром  Орифҷонов  ҳастанд. Хабар  дода  мешавад, ки  Б.Орифҷонов  мувофиқи  қисми  дуюми  моддаи  187, моддаҳои 305, 306 ва  қисми  дуюми  моддаи  335 Кодекси  ҷиноии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  ҳабс  маҳкум  шуда буд.            Ҳикматулло  Азизов  сокини ноҳияи  Панҷ  буда, то  аз  маҳбаси  муваққатӣ  фирор  карданаш  мувофиқи  моддаи  170, қисми  дуюми моддаи  187, моддаи  306, қисми  дуюми  моддаи  328, қисмҳои  1 ва  32  моддаи  195, қисми  дуюми моддаи  335  ва  қисми  дуюми моддаи 245 Кодекси  ҷиноии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  озодӣ  маҳрум  гардида буд.  

Декабрь 20, 2010 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад