ҶОНИБДОРИИ БЕШ АЗ 40 МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Декабрь 16, 2010 16:49

    Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шуд.     Дар иҷлосия беш аз 40 масъалаи муҳими фарогири ҳаёти  иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.       Аз ҷумла, аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба  ворид намудани  тағйирот  ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи феҳристҳои давлатӣ», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи  сарватҳои зеризаминӣ» ва дигар масъалаҳоро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.       Доир ба масъалаҳои зикршуда раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов ва Матлубхон Давлатов табодули назар карданд. Зикр шуд, ки ҳадафи қонунҳои мазкур такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  амалӣ намудани Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, мутобиқ намудани онҳо ба тартиби нави  бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути «Равзанаи ягона»,  ба роҳ мондани сиёсати ягона ҷиҳати шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо, таҳкими қонуният  ва дар ин замина рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад.     Ҳамзамон, дар ҷараёни иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз натиҷаҳои нахустин сафари ҳайати парлумонии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Британияи Кабир ва тавсеаи ҳамкории парлумонии Тоҷикистон бо парлумони  ин кишвар гузориш дод.

Декабрь 16, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад