15 000 ДОЛЛАР БАРОИ ТАЪМИРИ ҶӮЙБОР

Декабрь 3, 2010 11:39

Роштқалъа,  3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бо ибтикори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳияи  Роштқалъа    ва бо кӯмаки   Бунёди  Оғохон таъмири ҷӯйбори  калони  Шоҳбурон, ки  қариб  600 гектар  замини  кораму  чарогоҳҳои ноҳияро  обёрӣ мекунад,  оғоз  гардид. Ба  хотири   пурра ва хушсифат анҷом додани  таъмир  15  ҳазор  доллари амрикоӣ маблағ ҷудо  гардидааст. Тавре  масъулин  иттилоъ доданд,    таъмири канал бинобар ду  сабаб оғоз шудааст:  аввал ин ки ҷӯйбор  аз  синаи  регзор мегузарад ва  қисми зиёди обро  замин  ба  комаш фурӯ мекашад. Ва  баъдан  бар  асари  ин ҳолат дар  қисмати  поёнии ҷӯйбор  лағжишу фурӯравии   замин  оғоз  гардидааст. Ба  хотири  пешгирии   камшавии обу лағжиши   замин  дар таъмири ҷӯйбор ба ҷои  семент полиэтиленро истифода  мебаранд. Ба  гуфти  мутахассисон аз полиэтилен солҳои  тӯлонӣ  об  намегузарад. Масъулин  иттилоъ доданд, ки то оғози  кишту  кори баҳорӣ   таъмири  ҷӯйбор ба  сомон  мерасад.

Декабрь 3, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад