15 000 ДОЛЛАР БАРОИ ТАЪМИРИ ҶӮЙБОР
Роштқалъа, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва бо кӯмаки Бунёди Оғохон таъмири ҷӯйбори калони Шоҳбурон, ки қариб 600 гектар замини кораму чарогоҳҳои ноҳияро обёрӣ мекунад, оғоз гардид. Ба хотири пурра ва хушсифат анҷом додани таъмир 15 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо гардидааст. Тавре масъулин иттилоъ доданд, таъмири канал бинобар ду сабаб оғоз шудааст: аввал ин ки ҷӯйбор аз синаи регзор мегузарад ва қисми зиёди обро замин ба комаш фурӯ мекашад. Ва баъдан бар асари ин ҳолат дар қисмати поёнии ҷӯйбор лағжишу фурӯравии замин оғоз гардидааст. Ба хотири пешгирии камшавии обу лағжиши замин дар таъмири ҷӯйбор ба ҷои семент полиэтиленро истифода мебаранд. Ба гуфти мутахассисон аз полиэтилен солҳои тӯлонӣ об намегузарад. Масъулин иттилоъ доданд, ки то оғози кишту кори баҳорӣ таъмири ҷӯйбор ба сомон мерасад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






