9 ДЕКАБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

Декабрь 8, 2010 16:09

Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Пагоҳ дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» конфронси илмӣ-таҷрибавӣ дар мавзӯи «Таъсирнокии мубориза бо коррупсия» баргузор мегардад. Конфронсро Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола  9 декабр дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад, ташкил намудааст. «Мақсади асосии конфронс баррасии натиҷаҳои ба дастомада дар самти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, ҳамчунин, муҳокимаи корҳои минбаъда дар бобати таҳким ва вусъатбахшии пешгирӣ ва мубориза бо фасод ба шумор меравад». Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсияро СММ 9 декабри соли 2003 дар рӯзи баимзорасии Конвенсияии СММ бар зидди коррупсия эълон намуд. Дар айни замон Конвенсияи мазкурро 140 давлат ба имзо расонида, 80 кишвари дигар тасдиқ намудаанд. Миёни тасдиқкунандагон, ки ҳамзамон аъзои он низ мебошанд,  давлатҳои Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Латвия, Русия, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳастанд.  Ин шартномаи байналмиллалӣ чораҳоро барои пешгирии фасод, ҷазо додани гунаҳкорон, ҳамчунин, раванди ҳамкориҳои байналмилалиро дар мубориза бо он дар бар мегирад. Он давлатҳои аъзоро барои гузаронидани сиёсати зидди фасодӣ, қабул намудани конунҳои мутобиқ ба он ва равона намудани мақомоти махсусро барои мубориза бо ин зуҳурот вазифадор менамояд.

Декабрь 8, 2010 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад