АДИБОН СОЛРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД
Душанбе, 24 декабр (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 23 декабр, маҷлиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ оид ба фаъолияти раёсат дар соли 2010 гузориш дода, аз ҷумла иброз дошт, ки адибони тоҷик дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатии сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, ҷашнҳои давлативу миллӣ, инчунин дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки адибон анъанаи ҳамқадамиро бо муҳимтарин равандҳои замон ва инъикоси падидаҳои ҷолиби давронро идома медиҳанд, ки маҷмӯаи «Наврӯзи Роғун» гувоҳи ин аст. Дар соли равон робитаҳои байналмиллалии Иттифоқи нависандагон хеле густариш ёфт. Тарҷума ва нашр шудани намунаҳои назму насри муосири рус дар шакли китобҳои «Гулбоғ» ва «Шукуфаҳои насри муосири Русия» дар ин ҷода иқдоми муҳим буд. Дар маҷлис нақшаи кори раёсати Иттифоқи нависандагон барои соли 2011 муҳокима ва тасдиқ гардида, инчунин як гурӯҳ адибони ҷавон ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






