АФЗОИШИ ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ДАР СУҒД

Декабрь 7, 2010 09:26

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд солҳои охир бинобар пурра истифода гардидани иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ  афзоиш ёфт. Дар назар аст, ки  он дар соли 2010 нисбат ба соли 2006-ум 2 маротиба афзоиш ёфта, ба 1,5 млрд. сомонӣ расонида шавад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки татбиқи  пурраи  тадбирҳои  барномаҳои  соҳаи саноат, бахусус «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» имкон дод, ки тӯли ин  солҳо 3 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла ҶДММ «Спитамен –текстайл»,   корхонаи муштараки «Хуҷанд-Нику» ва ҶДММ «Тестилимпэкс»  таъсис дода шаванд ва дар натиҷа 1550  адад ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд. Танҳо дар соли 2009 ба хориҷи кишвар ба маблағи 53,1 млн. доллари ИМА маҳсулоти саноатӣ содирот гардид.  Тӯли солҳои 2006-2010 дар вилоят 81 корхонаи саноатӣ бо теъдоди 6949 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки онҳо барои рушди соҳаи саноати вилоят  замина мегузоранд. Мавриди зикр аст, ки байни корхонаҳои навтаъсисшуда саҳми ҶММ «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин», ҶДММ  «Дион – ангишти Тоҷикистон» ва ҶДММ «Заводи сементбарорӣ»-и  шаҳри Исфара назаррас аст. Дар ин давра иқтидори корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Ҷавонӣ» ва «Сатн» низ васеъ гардида, фаъолияти бозистодаи КМ «Кабоол-текстайлз» аз нав оғоз гардид. Вобаста  ба иҷрои супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сохта ба истифода  додани корхонаи  истеҳсоли лампаҳои каммасраф тадбирҳо андешида шуда, дар ҶСШК «Чароғ»-и  шаҳри Исфара ва коргоҳи «Сомон»-и  шаҳри Чкалов соли 2010 истеҳсоли лампаҳои каммасраф ба роҳ монда шуд, ки дар маҷмӯъ 120 нафар бо  ҷойи кори доимӣ таъмин  гаштанд.

Декабрь 7, 2010 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд