АФЗОИШИ ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

Декабрь 14, 2010 13:51

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Боева). — Аз рӯи маълумоти фаврӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (якҷоя бо кору хизматрасонӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 миллиарду 82 миллиону 242,5 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 110,3 фоиз баробар шуд.             Дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 дар ба маблағи 662 миллиону 735, 4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, рушди саноат нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта,  дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардид. Аз ҷумла, дар ВМКБ 105,5 фоиз (ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 31,4 миллион сомонӣ), вилояти Хатлон 109,1 фоиз (2124,6 миллион сомонӣ), вилояти Суғд 124,7 фоиз (1490,8 миллион сомонӣ) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100,1 фоиз (2608,7 миллион сомонӣ)-ро ташкил дод.             Мавриди зикр аст, ки афзоиши 11-моҳа дар миқёси корхонаҳои системаи  вазорат, аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол дар саноати  маъдани кӯҳӣ ба маблағи 128,5 миллион сомонӣ, саноати  мошинсозӣ ба маблағи 50,6 миллион сомонӣ, саноати сабук ба маблағи 36,5 миллион сомонӣ ва саноати хӯрокворӣ ба маблағи 39,1 миллион сомонӣ ба амалӣ гаштааст.

Декабрь 14, 2010 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад