АФЗОИШИ ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ СУҒД ВА РОССИЯ

Декабрь 16, 2010 11:51

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тӯли 11 моҳи соли 2010 аз вилояти  Суғд ба  Федератсияи Россия  ба маблағи 641 28,8 доллари ИМА молу маҳсулот содир карда шудааст, ки ин миқдор 37,4 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Соли  гузашта  ҳаҷми   маҳсулоти содиротӣ  654 642,4 доллари ИМА — ро ташкил дода буд. Ин нишондод нисбат ба соли 2005 қариб 2 маротиба зиёд аст. Дар  ҳамин муддат аз  Федератсияи Россия ба вилояти  Суғд ба маблағи 236 49,2 ҳазор доллари ИМА молу маҳсулот ворид шудааст, ки ин 36,2 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти воридотиро  ташкил медиҳад. Агар соли 2005 аз Федератсияи Россия ба вилояти  Суғд ба маблағи 530 25,7 ҳазор доллари ИМА молу маҳсулот ворид шуда буд, соли 2008 ин нишондод ба 368 363,9 ҳазор доллар, соли гузашта ба 222 755,8 ҳазор доллар баробар шуд. Таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии вилоят бо минтақаҳои Федератсияи Россия дар солҳои охир ба ин раванд мусоидат менамояд.

Декабрь 16, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад