АНГИШТИ РАВНОБ КУҶОСТ?

Декабрь 6, 2010 14:23

           Хоруғ, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). –   Ҳамасола дар мавсими сармо мардуми Бадахшон асосан  аз  конҳои  Шӯроб ва  Миёнаду ангиштсанг   харид менамоянд,  дар  ҳоле ки  дар ҳудуди  вилоят кони  ангишти  Равноб  мавҷуд   аст. Пас  чаро  ангишти кони Равноб ба  аҳолӣ ва муассисоти соҳаи  маориф ва тандурустии   навоҳии  вилоят  фурӯхта  намешавад? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  ин  суол ба раиси ҷамоати  деҳоти  Сағирдашт Исмоил  Мирзоев, ки  кони  ангишти  Равноб  дар  ҳудуди ин  ҷамоат  ҷойгир аст,  муроҷиат  намуд. Ба  гуфти  Исмоил  Мирзоев   дар як сол  аз кони Равноб   аз  500 то  700  тонна  ангиштсанг истихроҷ  шуда,   аҳолии  ҳудуди  ноҳия бо он таъмин   мегарданд.  Аз  маркази  ноҳия то  кони  ангишт беш  аз  100 км  роҳ сӯи  баландӣ  меравад, ки  хароҷоти  сӯзишворӣ  хеле  зиёд  аст. Инчунин  бо барфи  нахустин  роҳ  маҳкаму  қариб  охири  баҳор  кушода  мешавад. Исмоил  Мирзоев  иттилоъ  дод, ки  роҳи  дигари сӯи  кон,  ки  хеле  кӯтоҳ  ва  ҳамвор  аст, кашф   карда  шуд. Солҳои  наздик  бунёди  ин роҳ  оғоз  мегардад.  

Декабрь 6, 2010 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад