АНГИШТИ РАВНОВ БА ҲАМА

Декабрь 14, 2010 09:47

   Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти собиқ сардори геологияи «Помир квартс самотсвет» Зур Ёров, кони ангишти Равнов дар қатори дигар конҳои ангишти Тоҷикистон яке аз захираҳои калонтарини ангишти кишвар  ба шумор меравад. Дар сурати истихроҷи пурраи ангишти конҳо     Тоҷикистон  ба   давлати содиркунандаи ин навъи сӯзишворӣ табдил меёбад.  Кони ангишти Равнов аст  аз маркази ноҳияи Дарвоз 100 км дуртар ҷойгир аст.  Дар мавриди аз канори соҳили дарёчаи Жаку Марғ сохтани роҳи нави мошингард,   масофаи кон  то  маркази ноҳияи Дарвоз 26 км наздик хоҳад шуд. Наздикшавии роҳ боиси арзон шудани нархи ангишт дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мегардад.    Ба гуфти мутахассисони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвоз, ки дар бунёди шоҳроҳи Кӯлоб — Дарвоз,  дар ҳамкорӣ бо коргарони турку эронӣ таҷрибаи зиёди роҳсозӣ доранд, бунёди роҳи нави кони Равнов барояшон чандон мушкил нест.    Ба ноҳамвории  роҳи  мавҷуда нигоҳ накарда аз кони ангишти Равнов ҳамасола аз 700 то 1000 тонна ангишт истеҳсол ва  ба деҳоти ноҳияи Дарвоз  кашонида мешавад.    Бояд ёдовар шуд, ки соли гузашта  Сарвари давлат ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз  ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия барои дар мӯҳлати кӯтоҳтарин    омода кардани лоиҳаи бунёди роҳи Жаку Марғ — Равнов,  супориш дода буд. Бо  амалӣ шудани супориши Сарвари давлат тамоми минтақаи ВМКБ бо арзонтарини навъи  сӯзишворӣ таъмин хоҳад шуд.

Декабрь 14, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад