БА МАРКАЗИ ГАРМИДИҲӢ СУПОРИШ НАШУДААСТ

Декабрь 6, 2010 10:27

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сармуҳандиси Маркази гармидиҳии  шаҳри Душанбе    Раҳматулло Қаландаров, корхона барои додани гармӣ омодааст. Соли ҷорӣ корхона бо газ таъмин карда хоҳад шуд. Дар баробари газ корхона ба миқдори 17 ҳазору 200 тонна сӯзишворӣ аз қабили мазут таъмин аст ва он имкон медиҳад, ки дар сурати камчин шудани  газ корхона бо иқтидори пурра кор карда,  сокинони шаҳрро бо оби гарму гармӣ таъмин намояд.    Боис ба ёдоварист, ки Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 1968 бо иқтиори 198 МВт асосан бо сӯзишвории газӣ мувофиқ сохта     ба истифода дода шуда буд. Баъдтар дар он печҳои эҳтиётии тавассути мазут коркунанда сохта шуданд.    Ба иттилои ҳамин манбаъ, ханӯз дар бораи додани гармӣ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик», ки Маркази гармидиҳӣ тобеи он аст, супориш нашудааст.                                                                                                                                                      

Декабрь 6, 2010 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад