БАНКОМАТҲО ЗАРУРАНД

Декабрь 24, 2010 12:00

             Кӯлоб, 24 декабр.(АМИТ «Ховар», С.Холов).- Бо  мақсади  беҳтар   намудани  хизматрасонӣ ба  нафақахӯрон ва  сари вақт  дастрас  намудани  нафақапулӣ тамоми нафақахӯрони ҷумҳурӣ бо  кортҳои пластикӣ таъмин   мешаванд ва ин  омил метавонад  барои   сари вақт ва  бемонеа гирифтани  нафақапулӣ мусоидат   намояд.            Дар  қайди  раёсати ҳифзи  иҷтимоии аҳолии  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Кӯлоб  15  ҳазору  500 нафар  нафақахӯрон мебошанд, ки  то имрӯз  ҳуҷҷатҳои  қисми  зиёди  онҳо барои  гирифтани  кортҳои  пластикӣ ба бонки  давлатии  «Амонатбонк»– и  ҷумҳурӣ фиристода шудаанд. Бино  ба гуфти  мутахассисон гузаштан  ба  истифодаи кортҳои  пластикӣ   гирифтани  музди  меҳнат,  нафақапулӣ,  харидани  молу  маҳсулот аз  марказҳои  савдо  ва  анҷом  додани  дигар  амалиёти бонкиро  хеле осон мегардонад.              Мушкилии  дигар   нарасидани  банкоматҳо дар  ҳудуди   шаҳру  ноҳияҳо мебошад. Ба  гуфти  кормандони  бонкҳо як  адад  банкомат  қариб 60 ҳазор  доллари  амрикоӣ арзиш дорад. Аксари  пиронсолон низ  имконияти  аз  банкоматҳо истифода бурданро  надоранд. Аммо  дар  ҳолати  ба  каси  дигар  додани  рақами корти  пластикӣ,  махфияти  рақами  хоси  он  риоя  намешавад.  Зарур аст, ки пеш аз пурра гузаштан ба кортҳои  пластикӣ   дар марказҳои шаҳру  ноҳияҳо ва  ҷамоатҳои  деҳот  банкоматҳо насб  шаванд.

Декабрь 24, 2010 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад