БАРҚИЯИ ШОДБОШИИ Э.РАҲМОН БА Н.НАЗАРБОЕВ

Декабрь 17, 2010 15:08

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:   Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич,  Солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ман имконият фароҳам овард, ки Шумо ва тамоми халқи қазоқро ба ин муносибат аз самими қалб табрик намоям. Қазоқистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо ба муваффақиятҳои назаррас дар рушди иқтисодиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ноил шуда, дар минтақа ва ҷаҳон соҳиби обрӯю эътибори беназир гардид. Ҷумҳурии Шумо мақсадҳои олии демократия ва тараққиётро пеш бурда, ҳамчунин барои таъмини амнияти умумибашарӣ ва мустаҳкамии кишвар кӯшиш намуда, узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Бо муваффақият гузаронидани Саммити САҲА дар Остона шаҳодати ин гуфтаҳост.             Мо анъанаҳои дӯстонаи тӯли асрҳо маҳфузбудаи хеш, ҳамкорӣ ва эҳтироми ҳамдигар, робитаҳои мустаҳкамеро, ки давлату халқҳои моро ба ҳам мепайванданд, қадрдонӣ менамоем. Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки ин анъанаҳо ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо самараҳои нек ба бор меоранд.  Иҷозат диҳед, ки ба Шумо,  мӯҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор, ба халқи бародари қазоқ сулҳ ва саодати рӯзгорро таманно намоям.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.      

Декабрь 17, 2010 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад