БАРНОМАИ РУШДИ МАЪМУРИКУНОНИИ КУМИТАИ АНДОЗ
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, молиявӣ оид ба муаррифии «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015» мизи мудаввар баргузор гардид. Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи пешқадаму бисёрсолаи ҷаҳонӣ дар самти ислоҳоти соҳаи андоз , инчунин бо назардошти хусусиятҳои хоси кишвари мо таҳия шудааст. Барнома пеш аз ҳама барои ҳалли масъалаҳое равона гардидааст, ки ба такмили қонунгузории андоз ва вазифаҳои асосии мақомоти андоз алоқаманданд. Дар рафти вохӯрӣ барномаи мазкур аз тарафи намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ манфиатбахш арзёбӣ гардида, дастгирии комил пайдо намуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир оид ба такмили қонунгузорӣ маъмурикунонии андоз, рушди сохтор, таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст, ки онҳо дар маҷмӯъ барои мувафаққонаи рушди соҳа заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






