БАРНОМАИ РУШДИ САЛОМАТӢ

Декабрь 14, 2010 10:58

   Хоруғ,  14 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Барномаи  «Рушди  саломатии  ҷавонон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои 2011 – 2013» мавзӯи  асосии  семинаре буд, ки  дар Кохи  ҷавонони ВМКБ  баргузор  гардид.            Дар  семинар   роҳбарони  раёсати  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ,  шӯъбаҳои  маориф, раёсати  тандурустии  ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  шаҳру навоҳии  вилоят  ширкат  варзиданд.           Раиси  Кумитаи  кор  бо  занони  вилоят Меҳрӣ Ғуломшоева  зимни суханронии хеш  гуфт, ки  барнома     аз  ҷониби  роҳбарияти  вилоят ҷонибдорӣ  гардида,  дар  он  на танҳо  вазъи  саломатии  ҷавонон,  балки  рушди  фарҳангу  маънавиёт низ  мавриди  баррасӣ  қарор  дорад.           Масъули  барномаи «Рушди  саломатии  ҷавонон» дар  ҷумҳурӣ барои солҳои 2011 – 2013» ва  мудири  шӯъбаи  сиёсати  иҷтимоии  Кумитаи  варзиш  ва  сайёҳии  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурӣ Иброҳим  Мирзоев оид ба  масоили зиёдшавии    бекорнамоии  ақди  никоҳ,  даст ба  қочоқ задани  ҷавонон,  одамфурӯшӣ, касалиҳои  сироятӣ, аз  қабили  ВИЧ/СПИД ва  бо  ҷойи  кор  таъмин   намудани  ҷавонон ҳарф  зада, зикр  кард, ки  барномаи  мазкур   бояд  дар  тамоми гӯшаву  канори  вилоят,  бахусус  деҳот  амалӣ   гардад.            Ҳадафи  асосии   барнома  беҳбуди  вазъи  саломатии  наврасон ва  ҷавонон  тавассути  кам  кардани  рафторҳои  хавфнок  ва  одатҳои  номатлуб мебошад. Мувофиқи  маълумоти  оморӣ Тоҷикистон аз  нигоҳи  аҳолӣ дар  миқёси  ҷаҳон яке  аз  кишварҳои  ҷавонтарин  маҳсуб  меёбад, зеро  70  фоизи  аҳолиро   насли  ҷавон, яъне   шахсони  то  30  сола  ташкил  медиҳанд.               Вобаста ба  таносуби  ҷинсӣ 49,8  фоизи аҳолӣ  ҷавондухтаронанд, ки ба  рушди  имконоти демографӣ муносибати мустақим   доранд.             Мутаносибан 70,4  дар  сади   ҷавонон деҳотиёнанд. Аз ин  лиҳоз баррасӣ ва ҳалли  проблемаҳои  саломатӣ  бояд  маҳз  дар байни ҳамин  гурӯҳ  фаро гирифта шавад, зеро  дастрасии онҳо  ба  хизматрасониҳои   зарурӣ  маҳдудтар аст.  

Декабрь 14, 2010 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад