БАРРАСИИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 14-15 декабри соли ҷорӣ дар қароргоҳи НАТО шаҳри Брюссел вохӯрии ҳарсолаи мутобиқгардонӣ бо мақсади ошно намудани давлатҳои иштирокчӣ бо ҷамъбасти амали лоиҳа дар соли 2010 ва баррасии стратегияи татбиқи чорабиниҳои минбаъда барои соли оянда доир мегардад. Ин мулоқот дар чаҳорчӯби Лоиҳаи Шӯрои НАТО-Русия оид ба омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гузаронида мешавад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мулоқот директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






