БАРРАСИИ ОФИЯТБАХШИИ ҶАМЪИЯТИИ КЎДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 декабри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ лоиҳаи барномаи офиятбахшии ҷамъиятӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуд ва аз бемории фалаҷ осебдидаро зимни баргузории мизи мудаввар муҳокима намуданд. Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҶТ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Саида Ҷобирова зикр намуд, ки барномаи офиятбахшии ҷамъиятӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуд ва аз бемории фалаҷ осебдида бо мақсади он таҳия шудааст, ки кўдакони имконияташон маҳдуд дар сатҳи ҷомеа бо ғамхорӣ фаро гирифта шаванд. Барномаи мазкур мақсад дорад ба зиёда аз 400 кўдаки аз бемории фалаҷ осебдида, ки хуруҷи он соли 2010 ба амал омад, кўмаки дарозмуддати ҷамъиятӣ расонад ва он дар 40 ҷамоати 24 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки бештар аз бемории фалаҷ осеб дидаанд, амалӣ мешавад. Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳонгвей Гао гуфт, ки кўдакони имконияти маҳдуддошта ба мисли тамоми кўдакони дигар ҳуқуқҳои баробар доранд, ба амсоли ҳаёти шоиста ва ба воя расидан дар муҳите, ки ба онҳо барои дар амал татбиқ намудани тамоми нерўи онҳо имконият диҳад. Ӯ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард, ки Конвенсияи ҳуқуқҳои шахсони имконияти маҳдуддоштаро ба тасвиб расонад, ки соли 2007 аз тарафи 96 мамлакати ҷаҳон қабул шуда, ба имзо расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






