БАРРАСИИ РОҲҲОИ РУШДИ СОҲАИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ

Декабрь 6, 2010 10:28

        Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раванди иҷрои марҳилаи саввуми Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» фардо, 7-уми декабр, дар нишасти Кумитаи назоратии лоиҳа дар шаҳри Душанбе баррасӣ мегардад.           Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва  беҳтар намудани зерсохтори идораи сифат дар ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Ин лоиҳа аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ шуда, иҷрои марҳилаи саввуми он дар моҳи сентябри соли 2009 оғоз ёфтааст.       Кумитаи назоратии лоиҳа бо мақсади кӯмак дар фаъолияти лоиҳа, шаффофият дар кори амалигардонии он ва замонати посухгӯ будани натиҷааш ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст. Дар назар аст, ки намояндаи СЕКО Анна Швартс доир ба  роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон гузориш медиҳад.       Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор содироти маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ,  хусусан, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ мебошад.10.20.  

Декабрь 6, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад