«БАТР» ЛОИҲАРО ДАСТГИРӢ НАМУД
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Лоиҳаи пешниҳоднамудаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара ба маблағи 6 млн. 173 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби роҳбарони саҳмгузори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дастгирӣ ёфт,- иброз дошт муовини аввали директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдулҳамид Сайфуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз маблағи лоиҳа 2 миллиони он қарзи имтиёзнок ва 4 млн. 173 ҳазор доллараш қарзи бебозгашт (грант) аст. Маблағгузории системаи обтаъминкунӣ оғоз гардида, корҳои барқарорсозӣ бо маром давом доранд. Боис ба ёдоварист, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар 8 шаҳру марказҳои ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Данғара, Восеъ, Рашт, Конибодом ва Истаравшан Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






