БИНОИ МАРКАЗИ ШАҲР ТАХРИБ МЕГАРДАД
Душанбе, 13 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-43 оила, ки сокинони бинои истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ, 67 (шафати муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) мебошанд, рӯзҳои 14-17 декабри соли равон кӯчонида мешаванд. 43 оила дар бинои истиқоматии 9-ошёнаи замонавӣ, ки дар маркази шаҳр -хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ аст, бо хона таъмин мегарданд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, бартарафсозии бинои истиқоматии Рӯдакӣ 67 ва кӯчонидани сокинони он дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва талаботи қонунгузории кишвар ҷараён мегирад. 19 декабр корҳои тахрибсозии бинои Рӯдакӣ, 67 оғоз мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






