«БОИНГ»-И «ҲУМО» БА ДУШАНБЕ ЧӢ ОВАРД?

Декабрь 30, 2010 12:13

     Душанбе, 30 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -Баъзе аз таҷҳизот ва технологияи барқии марбут ба сохтмони НБО «Сангтӯда -2» аз Эрон ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» атташеи матбуотии Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ иттилоъ дод.       Таҷҳизот тавассути ҳавопаймои «Боинг-747» марбут ба ширкати ҳавонавардии «Ҳумо»-и Эрон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.       Саид Аскарӣ, намояндаи ширкати «Сангоб» -и Эрон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо вуҷуди баъзе мушкилоти ҷойдошта масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои бунёди НБО «Сангтӯда-2» тариқи роҳи ҳавоӣ ва роҳи нақлиётӣ  тавассути қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Аскарӣ меафзояд, ки бо сабаби дар соли 2010 дар қаламрави Узбекистон банд гардидани қатораҳои масолеҳи сохтмонии марбут ба НБО «Сангтӯда» корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим қариб то ним сол ба таъхир афтод. Мавсуф меафзояд,  тибқи қарордоди байни Тоҷикистону Эрон НБО «Сангтӯда-2» бояд моҳи феврали соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.            НБО-и  «Сангтӯда-2», ки дар ҷануби Тоҷикистон бунёд мегардад, яке аз иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ буда,  сохтмонаш  моҳи феврали соли 2006 оғоз гардида буд. Иқтидори  он 220 мВт буда, бо сармоягузории Эрон, ки 180 миллион долларро ташкил медиҳад, бунёд мегардад.               Мавриди зикр аст, ки  НБО-и  «Сангтӯда-2» аз он силсиланерӯгоҳҳоест, ки  дар дарёи Вахш сохта мешавад. Охири моҳи ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони баландпояи Ҳукумати Эрон, аз ҷумла вазири нерӯи ин кишвар Маҷиди Номҷӯй  маҷрои дарёи Вахш баста шуда, бунёди сарбанди нерӯгоҳ, ки аз қуму шағал сохта мешавад,  шурӯъ гардид.

Декабрь 30, 2010 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд