«БОЯД ИҚДОМИ ҶИДДИРО РӮИ ДАСТ ГИРЕМ» : Ш. ЗУҲУРОВ

Декабрь 16, 2010 16:46

Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мутаассифона,  сатҳ ва раванди иҷрои cанадҳои имзошудаи байнидавлативу байниҳукуматии Тоҷикистону Индонезия моро қаноатманд карда наметавонад ва  мо бояд барои иҷрои ҳамаҷонибаи онҳо иқдоми ҷиддитареро рӯи даст гирем». Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагон дар мулоқоташ бо Раиси Конгресси Индонезия Тауфик Киемас иброз кард. Ш. Зуҳуров афзуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон талош доранд, ки бо амалӣ намудани барномаҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани вазъи некӯаҳволии мардум, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ иқдоми ҷиддӣ намояд.    Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Ҷакарта  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуногунсоҳаи байни Тоҷикистону Индонезияро дар бахши иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, туризм баррасӣ карда, хостори густариши робитаҳо дар ин соҳаҳо гардиданд.    Мусоҳибон ҳамчунин доир ба авзои Афғонистон, вазъи минтақа  ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣи ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули назар карданд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Индонезия доир ба ин масъалаҳо мавқеи муштарак доранд.  

Декабрь 16, 2010 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд