CАФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА СУҒД

Декабрь 10, 2010 15:50

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ба вилояти Суғд омада, ҳамроҳи раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаи  муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон «Олимпия», ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ  мебошад, ошно гардид. Корхонаи мазкур бо дастгириву ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Хуҷанд-инвест-коттон» ва ширкати юнонӣ дар маҷмӯъ  ба маблағи 2 миллиону 130 ҳазор евро бунёд ёфта, барои тозакунӣ, яккачинӣ ва заҳролудсозии тухмии зироатҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Алҳол дар корхона 25 нафар бо ҷои корӣ таъмин буда, маоши моҳонаи онҳо ба ҳисоби миёна 600 — 700 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 8 нафар мутахассисони юнонӣ дар корхона фаъолият менамоянд. Зимни шиносоӣ ба муовини Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят роҳбарияти корхона иттилоъ доданд, ки  ин коргоҳ қодир аст дар як соат 4 тонна чигити тухмӣ ва ё 10 тонна тухмии ғалладонагӣ ва дигар зироатҳоро коркард намуда, барои кишт пешниҳод намояд. Корхонаи мазкур иқтидори бо тухмии хушсифат таъмин намудани тамоми хоҷагиҳои кишоварзии мамлакатро дорост. Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти дар корхона насбшуда ба стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ буда, тариқи автоматикӣ бо компютер идора мешаванд. Ба гуфти мутахассисон, кишти тухмиҳои покшуда ва хушсифати ин корхона имкон медиҳад, ки хароҷоти кишти зироатҳо 4 баробар арзонтар гардад. Дар сурати кишти тухмии покшуда зарурати ягона кардани ниҳолҳои пахта низ аз байн меравад. Ба роҳбарият ва мутасаддиёни корхона дастур дода шуд, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот, муҳайё намудани шароити хуби меҳнатӣ барои коргарон тадбирҳои судмандро андешанд. Мавриди ёдоварист, ки корхонаи мазкур санаи 10 июли соли равон бо иштироки Президенти мамлакат ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Дар назар аст, ки пагоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон  дар семинар-машварат доир ба татбиқи Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 11 ноябри соли 2010, №603 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани  қарорҳои   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят додани қитъаи замин  барои ба гурӯҳи маҳаллаҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо» иштирок намояд.                          

Декабрь 10, 2010 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад