ЧАРО ТАЛОҚ ДАР СУҒД ЗИЁД АСТ?
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар 10 моҳи соли ҷорӣ шумораи никоҳи бақайдгирифташуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 5 фоиз кам шудаст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 1000 нафар аҳолӣ 11 ададро ташкил додааст. Камшавии бақайдгирии никоҳ дар моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 дар вилояти Суғд 16 ҳазор ҷуфт, дар вилояти Хатлон — 24 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумхурӣ 14 ҳазор ҷуфт мушоҳида шуда, дар ВМКБ баръакс бақайдгирии никоҳ 7 фоиз афзудааст. Шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда дар 10 моҳи соли ҷорӣ наздик ба 5 ҳазор воҳидро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 7 фоиз зиёд аст. Шумораи зиёди талоқшудагон дар вилояти Суғд ( 2055 воҳид) ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба дигар минтакаҳои ҷумҳурӣ 50 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






