ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ВАЗЪ МӮЪТАДИЛ АСТ

Декабрь 27, 2010 14:42

  Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).  Шабонарўзи 26-27 декабри соли равон бо сабаби сардии ҳаво аз фурудгоҳҳои Домодедово ва Внуково парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Москва-Душанбе ба таъхир афтод, чунин иттилоъ дод котиби матбуотии КВД «Фурудгоҳи баналмиллалии Душанбе». Субҳи имрўз ҳавопаймоҳои хатсайри Москва-Душанбе (Домодедово) ва Москва-Душанбе (Внуково) ҷониби Душанбе парвоз карданд. Рейси 631, ки дирўз 26.12.2010 аз фурудгоҳи Душанбе ҷониби Москва (Домодедово) парвоз карда буд,  бинобар номусоид будани ҳавои фурудгоҳи Домодедово дар фурудгоҳи Қазон нишаст ва алъон то соате, ки ин хабар пахш мешавад, дар Қазон аст.  Аз фурудгоҳи Душанбе ҷониби Урумчи, Истанбул, Хуҷанд парвозҳо амалӣ шуданд ва парвози ҳовопаймоҳо ҷониби дигар хатсайрҳое, ки ба нақша гирифта шудаанд, давоми рўз амалӣ хоҳанд шуд. Алъон дар фурудгоҳи Душанбе мусофирони зиёд ҷамъ омадаанд ва фарорасии иҷозати парвози самтҳои худро интизоранд. Бо вуҷуди зиёд будани мусофирон дар фурудгоҳи Душанбе мушкилии ҷиддӣ пеш наомадааст ва толорҳои гусел, қабул ва толори тиҷоратии фурудгоҳ серодам аст, хонаи модар ва кўдак ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ дар фурудгоҳи Душанбе мӯътадил  фаъолият доранд.    

Декабрь 27, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад