ДАР СУҒД 15 КОРХОНА ФАЪОЛИЯТИ СУСТ ДОРАД

Декабрь 24, 2010 08:25

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —  Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Хуҷанд, ки 23 декабр баргузор гардид, рафти иҷрои Барномаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2010 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Аз маркази матбуот ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, ки зимни таҳлили натиҷаҳои пешрафти  иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2010  маълум гардид, ки дар ин муддат корхонаҳои саноатии шаҳр ба андозаи 223,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол  намудаанд. Ин дар қиёс ба  ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра бо таҷҳизоту технологияи нав ба кор даромадани корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи «Сано», «Атласи Хуҷанд», ҳамчунин дар миқёси шаҳру вилоят калонтарин корхонаи муштараки «Кабоол-Тоҷик-Текстайлз» ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва омода шудани садҳо ҷойи доимии кор барои захираҳои озоди меҳнатӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овард. Умуман дар шаҳр давоми 11 моҳ 8358 ҷойи нави корӣ таъсис   шуд, ки 777 адади он   ба корхонаҳои саноатӣ рост меояд. Айни ҳол паст шудани нишондиҳандаҳои истеҳсолии 15 корхона боиси нигаронист. Содиқҷон Мирхолиқов, раиси шаҳри Хуҷанд вазъи саноат, сохтмон, алоқа, нақлиёт, савдо, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, ободонии маҳал ва  соҳаҳои иҷтимоию фарҳангиро низ таҳлил намуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани кор, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва истифодаи имкониятҳо барои ҷамъбасти муваффақиятноки соли 2010-ум дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Вакилони халқ буҷети шаҳрро барои соли 2011 тасдиқ намуданд.

Декабрь 24, 2010 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад