ДЕМОРКАТСИЯИ ХАТИ САРҲАДИ ДУ КИШВАРИ ҲАМҶАВОР

Декабрь 6, 2010 16:55

       Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Конвенсияи  байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ 6 декабр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.        Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов,  дар ҷаласа ҳамчунин,  лоиҳаи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии  давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва «Дар бораи ворид намудани  тағйирот  ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуданд.       Ҳамзамон,  аъзои Шӯро масъалаҳоро дар бораи  ҳисоботи  Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Дурнамои  сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ва Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011, Протокол  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи деморкатсияи  хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой  ва Дар бораи Конвенсия  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Конфедератсияи  Швейтсария  оид ба канорагирӣ  аз андозбандии  дукарата нисбат ба  андоз аз даромад ва  сармоя баррасӣ карданд.        Зикр шуд, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо  ва пешниҳоди қонунҳои мазкур ба Маҷлиси намояндагон такмили фазои қонунгузории кишвар, беҳтар сохтани  фаъолият дар бахши   байторӣ,  мутобиқ намудани маҳсулот  ба стандартҳои ҷаҳонӣ, хубтар ба роҳ мондани  фаъолияти суғуртавӣ,  ба низом даровардани  сиёсати пулию қарзӣ ва тақвияти ҳамкориҳо  бо созмон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.          

Декабрь 6, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд