ДИПЛОМАТИ БРИТАНИЯ ДАР ИСФАРАВУ ИСТАРАВШАН
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ташрифи сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тревор Мур ва мушовир оид ба рушди маҳаллии Вазорати рушди байналмилали Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гая Алисон ба вилояти Суғд санаи 29 – уми ноябр оғоз ёфта, то 2 декабри соли равон идома меёбад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни сафар меҳмонон аз шаҳрҳои Истаравшан ва Исфара боздид ба амал оварда, бо намояндагони мақомоти иҷроия, ходимони дини масҷиди марказии шаҳри Истаравшан, омӯзгорони забони англисии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Исфара мулоқот анҷом медиҳанд. Ҳадафи асосии ташрифи меҳмонон шиносоӣ бо рафти иҷрои барномаи рушди иқтисодии маҳал мебошад, ки аз тарафи Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






