ДУ ЗАБОНИ ХОРИҶИРО ДОНИСТАН ҲАТМИСТ

Декабрь 6, 2010 16:00

Душанбе, 6 ноябр. ( АМИТ  «Ховар»,  Сангзода  Муслиҳиддин) —    Дар санаи 3 ноябр  дар  шаҳраки донишҷӯёни  Донишгоҳи  миллии   Тоҷикистон    вохӯрии   раиси   Кумитаи  забон ва   истилоҳоти    назди    Ҳукумати  ҶТ  Додихудо    Саймуддинов   бо  донишҷӯёни  ДМТ   баргузор  гардид.   Дар вохӯрӣ  ректори   ДМТ   Нуриддин  Саидов   ва   олимони   донишгоҳи  мазкур   ҳузур  доштанд.     Мавзӯи  вохӯрӣ баррасии  лоиҳаи   «Қонуни  ҶТ  оид ба   забони  давлатӣ   ва   имлои  нави  забони  тоҷикӣ» буд.  Дар рафти  суханронӣ         Д  Саймуддинов    зикр  намуд, ки  мутобиқи  қонуни  нави   забони давлатӣ  ҳар шахсе  ки ба забони давлатӣ беэътиноӣ зоҳир мекунад, ба ҷазои ҷиноятӣ  кашида мешавад. Пеш аз ин барои ин амал танҳо  ҷазои маъмурӣ   пешбинӣ шуда буд.   Бино ба гуфти ректори  ДМТ  Нуриддин  Саидов  ҷиҳати  масъалаи  забономӯзии донишҷӯёни имрӯза дар сатҳи паст қарор  дорад.   Мавсуф  зимни  суханронияш  зикр намуд, ки ҳар як донишҷӯй  бояд  на кам аз ду забони хориҷиро донад.   Баъд аз вохӯрӣ   устодону  донишҷӯён   ба саволҳои зиёди  худ  аз меҳмонон   ҷавоб гирифтанд.    

Декабрь 6, 2010 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад