ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАШХИСГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 8, 2010 15:00

 Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ду ташхисгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд воқеъ мебошанд, ваколатнома (аккредетатсия)-и байналхалқии стандарти ИСО-17025-ро аз ҷониби созмони ДАКкs (Олмон) соҳиб шуданд. Ташхисгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд яке аз ин ташхисгоҳҳо мебошад. Минбаъд сертификатҳои аз тарафи ин ташхисгоҳ дода мешуда, дар тамоми давлатҳои дунё эътироф мегарданд. Қаблан сертификатҳои ин ташхисгоҳ танҳо дар ҳудуди давлатҳои ИДМ эътироф мегашт. Ин иқдом дар натиҷаи лоиҳаи «Таҳким ва рушди савдо дар Тоҷикистон» бо дастгирии давлати Швейтсария амалӣ гардид. Директори Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд Дадаҷон Ғойибов гуфт, ки ин дастовард бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии «Тоҷикстандарт» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муяссар гардид. Ташхисгоҳи маҳсулоти хӯрокаи Марказ тайи солҳои охир бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, маводи зарурӣ, аз ҷумла ташхисгоҳҳои фаврию сайёр ҷиҳозонида шуда, аз таҳқиқ ва санҷиши мутахассисони хориҷӣ гузаштааст. Алҳол барои гузаронидани ташхис ҳама шароитҳо муҳайё буда, дар он 6 нафар мутахассисони варзида пурсамар фаъолият мекунанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин иқдом воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ташкилоти байналмиллалии савдо (ВТО) як  қадам наздиктар менамояд. 

Декабрь 8, 2010 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад